Тартиб ва шароити гузаронидани донорӣ ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, шарти ҳомиладоркунии сунъӣ ё кӯчонидани ҷанин

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Тартиб ва шароити гузаронидани донорӣ ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (минбаъд – Тартиб) тартиб, шароити гузаронидани донорӣ ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, шарти ҳомиладоркунии сунъӣ ё кўчонидани ҷанинро бо истифода аз технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ дар самти мазкур муайян мекунад.
  2. Дар Тартиб мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

– арзёбии вазъи эндокринӣ ва овуляторӣ – ин маҷмўи аломатҳоест, ки бо вақти баровардани тухм аз фоликула алоқаманданд;

– технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ – ин усулҳои табобати безурётӣ мебошад, ки дар татбиқи онҳо баъзе ё ҳамаи марҳилаҳои ҳомила ва рушди барвақти ҷанинҳо берун аз бадани модар (аз ҷумла истифодаи донорҳо ва (ё) ҳуҷайраҳои ҷинсии криоконсерватсияшуда, бофтаҳои узвҳои репродуктвӣ ва ҷанинҳо) анҷом дода мешавад;

– криоконсерватсия – раванди сусти яхкунӣ барои нигоҳ доштани маводи биологӣ (гаметаҳо, ҷанинҳо, бофтаҳои узвҳои репродуктивӣ) мебошад;

– сперматозоид-ҳуҷайраҳои ҷинсии мардона;

– оотсит ё тухмҳуҷайраи занона-ҳуҷайраҳои ҷинсии занона;

– ташхиси прегравидарии ҷанин –як озмоишест, ки барои таҳлили ДНК-оотситҳо ё ҷанинҳо барои муайян кардани бемориҳои ирсӣ гузаронида мешавад.

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати безурётӣ аз технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ (минбаъд – ТЁР), ба монанди воридсозии нутфа (ВН) ба роҳи узвҳои ҷинсии занона, ҳомиладоркунии экстрокорпоралӣ (ҲЭК), тазриқи тухмҳуҷайраи мардона ба ситоплазмаи оотситҳо (ТТМСО), ташхиси прегравидарии ҷанин (ТПҶ), ҳомиладоркунӣ ба истифода аз тухмҳуҷайраҳои донорӣ (ҲТД), нигаҳдорӣ ва донории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, бофтаҳои узвҳои репродуктивӣ ва ҷанинҳо, истифода бурда мешавад.
  2. Зан ва мард дар сурати мавҷуд набудани зиддинишондодҳои тиббӣ ҳуқуқ доранд ТЁР-ро дар сурати ризоияти хаттии ихтиёрии тарафайн истифода баранд.
  3. Кумаки тиббӣ ба ниёзмандон бо истифода аз усулҳои ТЁР аз ҷониби сохторҳои тиббии давлатӣ ва ё хусусӣ, ки дар таркиби худ лаборатория (шуъба)-и ТЁР дошта, иҷозатномаи расмии чунин навъи фаъолиятро доро бошанд, ташкил ва расонида мешавад.

 

2.ИНТИХОБИ МИЗОҶОН БАРОИ ЁРИИ ТИББӢ БО ИСТИФОДА

АЗ ТЁР

 

  1. 6. Интихоби мизоҷон барои расонидани ёрии тиббӣ бо истифода аз ТЁР дар доираи расонидани кумаки аввалияи махсусгардонидашудаи тиббию санитарӣ ва махсусгардонидашуда, аз он ҷумла кумаки тиббии технологияи баланд, анҷом дода мешавад.
  2. Муоинаи зану мард дар муассисаҳои тиббие, ки хизматҳоро дар соҳаи гинекологӣ, репродуктологӣ ва урологӣ/андрологӣ пешниҳод менамоянд, гузаронида мешавад.
  3. Барои муайян кардани нишондодҳои истифодаи TЁР ва муайян кардани сабабҳои безурётӣ, корҳои зерин анҷом дода мешаванд:

– арзёбии вазъи эндокринӣ ва овуляторӣ;

– баҳодиҳии қобилияти гузароии найчаҳои бачадон ва ҳолати узвҳои коси хурд;

– баҳодиҳии ҳолати эндометрия;

– таҳќиќи эякуляти шавҳар (шарик);

– ташхиси мард ва зан барои мавҷудияти сироятҳои урогениталӣ.

  1. 9. Муддати ташхис набояд аз 3 – 6 моҳ зиёд бошад.
  2. Номгӯйи зиддинишондодҳо барои гузаронидани барномаи заминавии ТЁР дар замима ба Тартиб оварда шудааст.

 

3.ТАРТИБИ НИГОҲДОРИИ ҲУҶАЙРАҲОИ ҶИНСӢ, БОФТАҲОИ УЗВҲОИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҶАНИНҲО

  1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ва дигар маблағҳое, ​​ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ҳуҷайраҳои репродуктивии худ, бофтаҳои узвҳои репродуктивӣ ва ҷанин (минбаъд биомавод)-ро криоконсерватсия ва нигоҳдорӣ кунанд.
  2. Қарор дар бораи пешбурди минбаъда (донорӣ, криоконсерватсия, нобудсозӣ) нисбат ба ҳуҷайраҳои ҷинсии зиёдатӣ (ҷанинҳо) аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва биомаводро дар ихтиёр дорад, бо иҷрои розигии хаттӣ ва созишнома дар бораи донорӣ ва криоконсерватсия бо нишон додани муҳлати нигаҳдорӣ қабул карда мешавад.
  3. 13. Гирифтани ҷанини инсон бо мақсадҳои тиҷоратӣ, ҳарбӣ, саноатӣ ва ғайра манъ аст, ба истиснои наслдиҳӣ аз ҷониби шахси мушаххас.
  4. 14. Криоконсерватсия ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва биомавод мутобиќи протоколҳои клиникии ихтисосӣ дар ин самт, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиќ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
  5. 15. Муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва риояи шароити криоконсерватсиякунии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва биомавод масъул мебошанд.
  6. 16. Интиқоли ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва биомаводи бадастомада бояд дар ҳарорати 36,6-37°C сурат гирад.
  7. 17. Мавод ба озмоишгоҳи эмбриологӣ аз ҷониби муассисаи тиббие, ки хизматҳоро барои интиқоли ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва биомавод амалӣ мекунад, бояд на дертар аз 3 соат аз лаҳзаи гирифтани он супорида шавад.
  8. 18. Ҳангоми додани ќуттии биомавод барои интиқол мактуби иловагӣ додан лозим аст, ки дар он бояд нишон дода шавад:

– санаи криоконсерватсия бо нишон додани навъи биомавод;

– насаб, ном ва номи падари донор (ҳангоми криоконсерватсияи ҷанинҳо – мардон ва занон, ки ҳуҷайраҳои ҷинсии онҳо барои бордоршавӣ истифода шудаанд, насаб, ном ва номи падари донори анонимӣ / донорҳо нишон дода намешавад);

– сифати биомаводи яхкардашуда;

– муҳит барои криоконсерватсия ва нигоҳдории биомавод;

– санаи додани биомавод барои интиқол;

-имзои шахсе, ки биомаводро барои интиќол додан қабул кардааст.

  1. Бо дархости хаттии мизоҷ ҳуҷайраҳои ҷинсии криоконсерватсияшуда ва биомавод шахсан ба мизоҷ дода мешаванд.

 

  1. ТАРТИБИ ДОНОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ

ҲУҶАЙРАҲОИ ҶИНСӢ

 

  1. Занони аз 20 то 35-сола, ки аз ташхиси тиббию генетикӣ гузаштаанд ва аз ҷиҳати соматикӣ ва рўҳӣ солим мебошанд, ҳуқуқ доранд донорҳои оотсит бошанд.
  2. 21. Нишондод барои истифодаи ooтcитҳои донорӣ дар барномаҳои ТЁР:

– набудани оотситҳо бо сабаби менопаузаи табиӣ, синдроми нокомии бармаҳали тухмдон, синдроми тухмдонҳои резистентӣ, ҳолати пас аз овариоэктомия, радио- ё химиотерапия, бемориҳои ирсӣ;

– кӯшишҳои такроршавандаи бебарор барои иҷрои барномаи ҲЭК (3 ва бештар), бо вокуниши нокифояи тухмдонҳо ба стимулятсияи суперовулятсия, такроран ба даст овардани ҷанинҳои пастсифат, ки интиқоли онҳо ба ҳомиладорӣ, кам шудани захираи овариалӣ оварда намерасонад.

  1. Ба донори оотсит корти инфиродии донори оотсит аз рўи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тартиб дода мешавад.
  2. 23. Ҳангоми иҷрои ТЁР бо истифода аз оотситҳои донорӣ, стимулятсияи суперовулятсия ва сўзанзании (пунксияи) фолликулаҳои тухмдон барои ба даст овардани тухмҳуҷайраҳо аз зани донор бо розигии огоҳонаи ихтиёрии зани донор гузаронида мешавад.
  3. Мардони аз 20 то 35-сола, ки аз ташхиси тиббӣ ва генетикӣ гузаштаанд, ҳуқуқ доранд донорҳои нутфа бошанд.
  4. Нишондодҳо барои ҲЭК бо истифода аз нутфаи донорӣ:

– бесамарии барномаи ҲЭК бо истифодаи нутфаи шавҳар;

– азоспермия дар шавҳар;

– бемориҳои ирсӣ дар шавҳар.

  1. Донории нутфа бо розигии донори мард пас аз гузаштан аз муоинаи клиникӣ, озмоишгоҳӣ, тиббӣ – генетикӣ гузаронида мешавад.
  2. 27. Барои донори нутфа корти инфиродии донори нутфа дар шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ пур карда мешавад.
  3. 28. Ҳангоми истифодаи нутфаи донорӣ дафтар барои сабт, нигоҳдорӣ ва истифодаи нутфаи криоконсерватсияшудаи донорӣ дар шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бурда мешавад.
  4. 29. Истифодаи нутфаи донории криоконсерватсияшуда танҳо пас аз такроран гирифтани натиҷаҳои манфии ташхиси донор (пас аз шаш моҳи баъди криоконсерватсия) барои муайян кардани антителаҳо ба трепонемаи паридаранг дар хун, антителаҳои класси М, G ба ВНМО 1, ВНМО 2, антителаҳо ба вирусҳои гепатити В ва С иҷозат дода мешавад.
  5. 30. Ҷанинҳоро барои донорӣ дар натиҷаи бордоркунии ооситҳои донорӣ бо нутфаи донорӣ гирифтан мумкин аст.
  6. 31. Бо маќсади донорӣ мумкин аст ҷанинҳое истифода бурда шаванд, ки пас аз гузаронидани ҲЭК ба беморон бо шарти розигии хаттии тарафайни онҳо боќӣ мондаанд.
  7. 32. Истифодаи ҷанинҳои донории криоконсерватсиянашуда ва криоконсерватсияшуда иҷозат дода мешавад.
  8. Ҳангоми истифодаи ҷанинҳои донорӣ ба қабулкунандагон (ретсипиентҳо) ба таври ҳатмӣ дар бораи натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, тиббӣ – генетикӣ маълумот дода мешавад.
  9. 34. Нишондодҳо барои ҲЭК бо истифода аз ҷанинҳои донорӣ:

– шарикон ҳуҷайраҳои ҷинсии худро надоранд;

– хавфи баланди пайдоиши бемориҳои ирсӣ;

– такроран ҳосилшавии ҷанинҳои пастсифат, ки интиқоли онҳо ба ҳомиладорӣ оварда намерасонад (бо 3 ё зиёда кӯшиши ҲЭК).

 

5.ТАРТИБИ ШАРТИ ҲОМИЛАДОРКУНИИ СУНЪӢ ВА КӮЧОНИДАНИ ҶАНИН

 

  1. Ниёзмандон ҳуқуқ доранд, ки бо истифодаи усулҳои зерини технологияи ёрирасони репродуктивӣ фарзанддор шаванд:

– воридкунии нутфа ба роҳи узвҳои ҷинсии занона;

– ҳомиладоркунии экстракорпоралӣ – ҳомиладоркунӣ берун аз раҳми модар;

– тазриқи тухмҳуҷайраи мардона ба ситоплазмаи оотсит;

–  ташхиси прегравидарии ҷанин;

– ҳомиладоркунӣ ба истифода аз тухмҳуҷайраҳои донорӣ.

  1. 36. Маълумот дар бораи ҳомиладоркунии сунъии гузаронидашуда сирри тиббиро ташкил медиҳад.
  2. 37. Ниёзмандон ҳуқуқ доранд дар бораи тартиби ҳомиладоркунии сунъӣ, яъне усули интихобгардидаи технологияи ёрирасони репродуктивӣ, ҷанбаҳои тиббию ҳуқуқии оқибатҳои он иттилоъ бигиранд. Маълумоти дахлдор аз ҷониби табибе, ки дахолати тиббиро анҷом медиҳад пешниҳод карда мешавад.
  3. 38. Ҳангоми истифодаи усулҳои ҳомиладоркунии сунъӣ на бештар аз 2 ҷанин ба бачадони бемор интиқол дода мешавад.
  4. 39. Воридкунии нутфа ба роҳи узвҳои ҷинсии занона яке аз усулҳои табобати нобоварӣ буда, дар мавриди истифода аз ин усул, нутфаи пешакӣ коркардшудаи шавҳар (шарик) ё донор ба ковокии бачадон дар давраи периовуляторӣ (дар мавриди пухта расидан, кафидани фоликулла ва берун шудани оотсит), ки бо гузаронидани муоинаи ултрасадоӣ тасдиқ карда мешавад, ворид карда мешавад. Истифода аз ин усул ҳангоми мавҷудияти нишондодҳои зерин сурат мегирад:

1) аз ҷониби мард:

– вайроншавии миќдор ва сифати зарурии сперматогенез;

– нутфаи субфертилӣ;

– ихтилоли эякуляторӣ-ҷинсӣ;

2) аз ҷониби зан:

– набудани шарики ҷинсӣ;

– безурётии алоќаманд бо гарданаки бачадон;

– вагинизм;

3) мушкилиҳои омехтаи занонаю мардона.

  1. Кӯшишҳои такрори барои гузаронидани воридкунии нутфа то 3 (се) маротиба иҷозат дода мешавад, ки нутфаи табиӣ, пешакӣ омодашуда ё криоконсерватсияшуда истифода шавад.
  2. Қарор дар бораи истифодаи нутфа аз мард ё донор аз ҷониби ниёзмандон дар асоси маълумоти пурраи пешниҳодкардаи табиб дар бораи хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатии эякулят, афзалият ва норасогиҳои истифодаи нутфаи шавҳар (шарик) ё донор қабул карда мешавад.
  3. Воридсозии нутфа ба роҳи ҷинсии занона дар давраи ҳайзбинии табиӣ ва ҳамчунин бо истифода аз стимулятсияи овулятсия ва суперовулятсия (ҳангоми ҷой доштани ановулятсия) мувофиқи протоколҳои клиникии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад.
  4. Ҳомиладоркунии экстракорпоралӣ, яъне бо роҳи барангезиши тухмдонҳои занона ба даст овардани оотсит, бордоркунии он ва парвариши ҷанинҳои ба даст омада дар шароити омзоишгоҳӣ ва дар ниҳояти кор таҳмили он ба хотири рушди минбаъда ба ковокии бачадон аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

– стимулятсия кардани суперовулятсия;

– пунксияи (сўзанзании) фолликулаҳои тухмдон;

– бордоркунии тухмҳуҷайраи занона бо нутфаи шавҳар (шарик);

– парвариши ҷанинҳо;

– ба дохили бачадон ворид кардани (интиқоли) ҷанин;

-дастгирӣ кардани марҳилаи лютеинии сикли ҳайзи стимулятсияшуда;

– ташхиси ҳомиладорӣ.

  1. 44. Тазриқи тухмҳуҷайраи мардона ба ситоплазмаи оотсит (воридсозии сперматозоид ба ситоплазмаи оотсит) дар мавриди ниҳоят маҳдуд будани имкониятҳои ба даст овардани тухмҳуҷайраиҳои мардона ва ё занона истифода бурда мешавад:

1) нишондодҳо барои ТТМСО:

– вайроншавии вазнини сперматогенез;

– дисфунксияи эякуляторӣ;

– ба амал наомадан ё фоизи ками эҳтимолияти бордоршавии (камтар аз 20%) оотситҳо дар барномаи қаблии ҲЭК;

– шумораи ками оотситҳо (камтар аз 4);

2) нишондодҳо барои бо роҳи ҷарроҳӣ дарёфт кардани тухмҳуҷайраи мардона:

– азооспермияи обструктивӣ;

– дисфунксияи эякуляторӣ, аз ҷумла эякулятсияи ретроградӣ.

  1. Ташхиси прегравидарии ҷанин яъне ташхиси бемориҳои генетикии ҷанин пеш аз воридсозии он ба ковокии бачадон, бо мақсади ба даст овардани тифли солим дар мавриди истифода аз усулҳои технологияи ёрирасони репродуктивӣ имкон дорад, истифода бурда шавад.
  2. Ҳомиладоркунӣ ба истифода аз тухмҳуҷайраҳои донорӣ метавонад дар мавриди набудан ва ё маҳдуд будани имконияти дарёфти тухмҳуҷайраҳои солим дар зану шавҳар ва ё яке аз онҳо, инчунин эҳтимолияти баланди таваллуд шудани кудакон бо бемориҳои ирсӣ истифода бурда шавад.
  3. Ҳангоми мавҷуд будани зиддинишондод мутобиќи номгўи замимагардида, гузаронидани барномаи заминавии технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ анҷом дода намешавад.

 

 

 

 

 

 

 

Замима ба

Тартиб ва шароити гузаронидани

донорӣ ва нигоҳдории

ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, шарти

ҳомиладоркунии сунъӣ

ё кӯчонидани ҷанин

 

 

Номгӯйи зидди нишондодҳо барои гузаронидани барномаи

заминавии технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ

 

Номгўи бемориҳо намуд, марҳила, дараҷа, фазаи беморӣ Рамзи беморӣ мутобиќи  ТББ-10 Эзоҳ
1 2 3 4 5
Баъзе аз бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ
1 Сил: Ҳамаи шаклҳои фаъол А 15-А19
  1) сили узвҳои нафаскашӣ, ба таври озмоишии бактериологӣ ва гистологӣ тасдиќшуда – “- А 15 А 15.0-А 15.9  
2) сили узвҳои нафаскашӣ, ба таври озмоишии бактериологӣ ва гистологӣ тасдиќношуда -“- А 16 А 16.1 А 16.2 А 16.6 Дар мавриди норасоии узвҳои нафаскашӣ ва дилу рагҳо
3) сили системаи асаб -“- А 17 А 17.1-А 17.9  
4) сили дигар узвҳо ва системаҳо -“- А18  
  5) сили устухонҳо ва буѓумҳо -“- А18.0  
  6) сили узвҳои пешобрав ва ҷинсӣ (дар занон) -“- А18.1  
  7) сили рудаҳо ва бофтаҳои лимфатикии чарбу -“- А18.3  
8) сили перикард Перикардити констриктивӣ А 18.8 Бо вусъатёбии заъфи кори дил  ва дар мавриди имконнопазир будани гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ
2 Гепатити вирусӣ: гепатити фаъоли А, В, С, D, G; Гепатити музмин дар марҳилаи авҷгирӣ (зардшавӣ, сатҳи баланди нишондиҳандаи ферментҳои ҳасос)   В 15-В 19  
3 Бемориҳои вобаста ба вируси норасии масъунияти инсон  (ВНМО) Дар марҳилаи: инкубатсия (марҳилаи 1); бармалошавии аввалия (2А, 2Б, 2В); хуруҷи нишонаҳои баъдина (4А, 4Б, 4В);

Марҳилаи терминалӣ (марҳилаи  5)

В 20-В 24 Дар мавриди мавҷуд будани дараҷаи 1, 2 А, 2Б, 2В мавќуф гузоштани истифода аз ТЁР тавсия дода мешавад  то марҳилаи гузариши беморӣ ба шакли субклиникӣ.

Дар марҳилаи 4А, 4Б, 4В истифода аз ТЁР то гузаштани беморӣ ба марҳилаи ремиссия мавќуф гузошта мешавад, бо фосилагузории на камтар аз 6 моҳ

4 Оташак дар мардон ва занон   А 50-А 53 Истифода аз ТЁР баъд аз анҷоми табобат имкон дорад
Эзоҳ. Истифода аз ТЁР ба занон дар мавриди бемориҳои илтиҳобии авҷгирифта дар дилхоҳ узв ва системаи организми ў мамнўъ ҳисобида мешавад, то он ваќте ки ин беморӣ табобат карда нашавад.
ОМОСИ САРАТОНӢ
5 Омоси саратонии навпайдошуда дар дилхоҳ узв ва системаи бадани инсон   С 00 – С 97 Дар мавриди мавҷуд будани бемориҳои саратонӣ дар собиќаи беморӣ, ќарор доир ба масъалаи истифода аз ТЁР дар асоси хулосаи табиби онколог ќабул карда мешавад
6 Омоси саратонии хушсифати бачадон ва ё тухмдонҳо, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ ниёз доранд   Д 25 Д 26 Д 27 Д 28  
БЕМОРИҲОИ ХУН  ВА УЗҲОИ ХУНОФАР
7 Бемории сафедхунӣ дар марҳилаи авҷи он, ки бори аввал ташхис гардидааст   С 91.0 С 92.0 С 92.4 С 92.5 С 93.0 С 94.0  
8 Синдроми миелодиспластикӣ   Д 46  
9 Лимфомаи аз гурўҳи хавфи дараҷаи олӣ   С 82 С 83 С 84 С 85 С 90  
10 Лимфогранулематоз   С 81  
11 Миелолейкози музмине, ки:

1) бо ингибиторҳои тирозинкиназ ниёз ба табобат доранд;

2) марҳилаи терминалии беморӣ

  С 92.1  
12 Бемориҳои музмини  миелопролиферативӣ Авҷи бластавӣ Д 47 Д 47.1 С 92.7 С 93.1 С 94.1  
13 Анемияи апластикӣ Намуди вазнин Д 61  
14 Анемияи гемолитикӣ:

шакли тез тез авҷгирандаи  гемолитикӣ

Намуди авҷгирандаи вазнин Д 55 Д 58 Д 59 Д 56  
15 Пурпураи идиопатии тромботситопенӣ Намуди музмини бемайлон авҷгиранда, ки ба ҳар гунна намуди табобат ҷавоби  рефрактерӣ (нотобоварии масъуният)-и медиҳад Д 69.3  
16 Ҳамлаи шадиди порфирӣ, дар мавриди давраи «равшан» баъди камтар аз 2 соли ҳамла   Е 80  
17 Васкулити геморрагӣ (пурпураи Шенлейн-Генох) Намуди вазнин такрорёбанда D 69.8 Бо садамаёбии гурда бо инкишофёбии норасоии кори гурда, шуш ва узвҳои системаи ҳозима
18 Синдроми антифосфолипидӣ Ҷараёни вазниндошта D 68.3 Мавҷуд будан дар маълумотномаи бемор вайроншавии гардиши хун дар маѓзи сар, дар ҳолати ташакулли нуќсонҳои дил, иллатёбии гурдаҳо бо зарбахурӣ аз гипертензияи артериявӣ ва заъфи фаъолияти гурдаҳо
БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ ЭНДОКРИНӢ, ВАЙРОНШАВИИ  ИСТЕЪМОЛӢ ЃИЗО ВА ЗАЪФИ МУБОДИЛАИ МОДДАҲО
19 Диабети ќанд бо заъфи терминалии гурдаҳо, дар мавриди табобати ивазкунанда ва ѓайриимкон будани иваз намудани гурдаҳо   Е 10.2 Е 11.2  
20 Диабети ќанд баъди пайвандсозии гурдаҳо      
21 Диабети ќанд бо ретинопатияи рушдкунандаи пролиферативӣ   Е 10.3 Е 11.3 Е 12.3 Е 13.3 Е 14  
22 Гиперпаратиреоз Намуди вазнин бо  ошкоршавии шаклҳои вистсералӣ ва устухонӣ Е 21  
ВАЙРОНШАВИИ РЎҲӢ
23 Вайроншавиҳои музмин ва думболадори рўҳӣ бо нишонаҳои вазнини устувори дарднок (психоз ва камаќлӣ) ё бо дараҷаи баланди эҳтимолияти авҷгирии беморӣ зери таъсири ҳомиладорӣ ва таваллуд   F 03 F 04 F 06 F 07 F 09 F 20 – F 29 F 42 F 70 – F 79 F 99  
24 Ташаннуҷи рўҳии ирсӣ ва дегенеративӣ   F 70 F 84  
25 Зоҳиршавии ташаннуҷи психогенӣ   F 23 F 44  
26 Ташаннуҷи рўҳӣ алоќаманд бо истифода аз маводҳои психоактивӣ   F 10 – F 19  
27 Халалдоршавии рўҳӣ (вайроншавии аффектӣ)   F30 – F39 Дар мавриди майл доштан ба худкушӣ ва хатари мавҷуд будани амалҳои худкушӣ
БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ АСАБ
28 Бемориҳои вазнини маъюбкунандаю табобатнашавандаи системаи асаб, ки сабабҳояшон гуногун асту муҷиб ба заъфҳои вазнин дар рўҳ ва фаъолияти ҷисмонии инсон мешаванд   G 00 – G 13 G 20 – G 26 G 30 – 31 G 35 G 40 G 46 – G 47 G 54 G 70 – G 73  
БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ ГАРДИШИ ХУН
29 Иллатҳои ревматоидии дил:   I 05 – I 09  
1) ҳамроҳ бо норасоии гардиши хун (НГХ) Дараҷаи 2Б, 3 I 50  
2) ҳамроҳ бо гипертензияи баланди шушӣ   I 74 I 26 – I 27  
3) ҳамроҳ бо оризаҳои тромбоэмболикӣ дар анамнез, инчунин бо мавҷудияти тромб дар ковокии дил   I 81 – I 82 I 51.3  
30 Кардиомиопатия:

4) кардиомиопатияи дилататсионнӣ

  I 42.0  
  5) кардиомиопатияи рестриктивӣ   I 42.5  
  6) кардиомиопатияи гипертрофӣ бо обструксияи бармалои роҳи баромадии меъдачаи  чап, ё рост ва ё  ҳар ду меъдачаҳо   I 42.1  
  7) кардиомиопатияи гипертрофӣ бе  обструксияи бармалои роҳи баромадии меъдачаҳо  ва бо вайроншавиҳои вазнини низоми кори дил   I 42.2  
31 Бемори (синдром)-и Аэрз (Айерс) (склерози минтаќавии артерияи шушӣ бо гипертензияи шушӣ)   I 27.0  
32 Ҳолати баъди амалиётҳои гузаронидашудаи кардиоҷарроҳӣ:      
8) баъди коррексияи  паллиативи (непурра)-и иллатҳои модарзодии дил (ИМД)   Т 82  
9) баъди бо усули ҷарроҳӣ корексиякунонии ИМД бо нишонаҳои гипертензионии шушӣ   Т 88.8  
10) баъди бо усули ҷарроҳӣ корексиякунонии дилхоҳ иллати дил, ки бо натиҷаи ѓайриќаноъатбахш анҷом ёфтааст   Т 88.8  
11) протезкунонии бисёрдарѓотӣ   Т 82  
33 Бемориҳои рагҳо:      
  а) бемориҳои аорта ва шохаҳои он:      
  – аневризми аорта дар дилхоҳ минтаќаи он (ќафаси сина, шикам), аз он ҷумла баъди амалиётҳои реконструктивӣ – шунтикунонӣ, протезкунӣ   I 71  
  – аневризми артерияҳои магистралӣ  (маѓзи сар, гурда, сифоќ испурҷ ва ѓайра), аз он ҷумла баъди табобат бо усули гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ   I 72.1 I 72.2 I 72.3 I 72.8 I 72.9  
12) бемории тромбоэмболикӣ ва оризаҳои тромбоэмболикӣ (эмболияи системавии маѓзи сар, даст, пой, гурда, рагҳои чарбў, инчунин шохаҳои раги артериявии  шуш)   I 74 I 82 I 26 I 63.6 I 74.2 I 74.3 I 74.8  
34 Бемории гипертоникӣ: Дараҷаи II В-III  дар мавриди набудани натиҷаи дилхоҳ аз табобат I 10 – I 13  
БЕМОРИҲОИ УЗҲОИ НАФАСКАШӢ
Дар мавриди ба амал омадани норасоии вазнини фаъолияти узвҳои нафаскашӣ, новобаста аз характери патологияи аввалияи шуш ва/ё гипертензияи шушӣ
БЕМОРИҲОИ УЗВҲОИ ҲОЗИМА
35 Норасоии кори ҷигар новобаста аз сабаби сар задании он   К 72.0 К 72.1 К 72.9  
36 Сиррози ҷигар дар мавриди гипертензияи порталӣ бо хатари хунравӣ аз шараёнҳои сурхной, мавҷудияти норасоии кори ҷигар   К 70.3 К 71.7 К 74.3 – К 74.6  
37 Дистрофияи фаъоли равѓании ҷигар   К 76.0  
38 Бемории Крон, бо стеноз, фистула, вайроншавии ҷаббидашавӣ ва хунравӣ оризагардида   К 50  
39 Колити захмии ѓайрихусусӣ, бо делитатсияи заҳролудии рўдаи ѓафс, шикамравии профузӣ, хунравии вазнин аз рўдаҳо, оризагардида   К 51.0  
40 Селиакия бо вайроншавии ҷаббидашавӣ дар рўдаи борик   К 90.0 Ташхис бояд бо муоинаи гистологии рўдаи борик (дувоздаҳангушта) ва тестҳои иммунологӣ бо муаян кардани антитела ба глиадин ва трансглутамазаи бофтаӣ  тасдиќ гардида бошад
41 Чурраи девораи шикам   К 43.0 Ҳаҷмҳои ниҳоят калон бо даридани девораи шикам, ки имкони барќарорсозӣ бо роҳи ҷарроҳӣ вуҷуд надошта бошад
42 Бемории лиҳомии рўдаҳо бо нишонаҳои авҷгирии ногузароии рўдаҳо   К 56.5  
43 Фистулаи  рўдаҳо   К 63.2 Дар мавриди ѓайриимкон будани табобат бо роҳи ҷарроҳӣ
   

БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ ПЕШОБРАВ ВА ҶИНСӢ

44 Гломерулонефрит фаъол   N 00 N 01  
45 Дилхоҳ намуди  гломерулонефрити музмин Дар марҳилаи авҷгирӣ N 03  
46 Норасоии музмини фаъолияти гурда новобаста аз сабаби ба амаломадани он   N 18 N 18.9 N 19 Сатҳи креатинин дар полидаи хун то бордоршавӣ дар дилхоҳ ҳолат набояд аз 200 мкмоль/л (1,8 мг/дл) боло бошад
  ҲОМИЛАДОРӢ, ТАВАЛЛУД ВА ДАВРАИ БАЪД АЗ ТАВАЛЛУД
47 Воридкунии сироят ба обҳои дохилипардавӣ, аз он ҷумла гирифторшавӣ ба ин беморӣ то ин дам (на камтар аз 2 сол)   О 01  
48 Хорионэпителиома   С 58  
БЕМОРИҲОИ СИТЕМАИ УСУХОНУ МУШАКҲО ВА БОФТАҲОИ ПАЙВАНДӢ
49 Артрити ревматоидӣ  бо фарогирии дигар узвҳою системаҳо Шакли тез афзоишёбандаи бо фаъол будани ѓайри ќобили назорат М 05.3 М 06.8  
50 Полиартериити гиреҳӣ Ҷараёни вазнин М 30.0 Осебгирии бисёрузвӣ ҳамроҳ бо гипертензияи бадсифат
51 Полиартериит бо вайроншавии шуш

(Черҷ-Стросс)

Ҷараёни вазнин М 30.1 Осебгирии шуш бо хунпартоӣ ва норасоии нафаскашӣ
54 Гранулематози Вегенер Ҷараёни вазнин М 31.3 Осебгирии шуш ва гурдаҳо бо нишонаҳои заъфи фаъолияти онҳо
55 Синдроми гарданаи аорта (Такаясу) (аортоартериити ѓайрихусусӣ) Ҷараёни вазнин М 31.4 Осебгирии дарѓотҳои дил бо нишонаҳои заъфи фаъолияти гардиши хун
56 Бемории системавии гургсурхча Ҷараёни музмин ва фаъол бо тез тез авҷгирии беморӣ М 32.1 Осебгирии гурда (нефрит бо синдроми нефротикӣ), системаи марказии асаб (эписиндроми авҷгиранда), дил бо ташакулёбии иллатҳои дарѓотҳо, шуш ва нишонаҳои вайроншавии фаъолияти ин узвҳо ва системаҳо
57 Дермато (поли) миозит Ҷараёни вазнин, ки табобати дурру дарозро бо истифода аз вояҳои баланди глюкокортикодҳо талаб менамояд М 33.1 М 33.2 Осебгирии дил бо вайроншавии низоми кори он ва нишонаҳои норасоии гардиши хун
58 Склерози системавии рушдкунанда (склеродермияи системавӣ) Марҳилаи авҷгирӣ ва музмин бо фаъолии баланди ҷараёни беморӣ М 34.0 Осеббинии гурда, шуш, дил бо вайроншавии фаъолияти онҳо
59 Синдроми хушк (Шегрена) Ҷараёни вазнин М 35.0 Осеббинии шуш, гурда, бо нишонаҳои норасоии фаъолияти онҳо
ИЛЛАТҲОИ МОДАРЗОДИИ ИНКИШОФ
60 Иллатҳои модарзоди (нуќсон)-и  бачадон, дар ҳолате, ки имплантатсияи ҷанин ва бардошти ҳомиладорӣ номумкин аст   Q 51.0 Q 51.5 Q 51.7 Q 52.0 Q 52.2 Масъала дар бораи истифодаи усулҳои ТЁР баъди барќарорсозӣ ба таври машварати духтурҳо ҳал карда мешавад
61 Иллатҳои модарзодии дил:      
1) бо мавҷудияти партоби патологии хун (сурох будани девораи байни дил, сурох будани девораи бани меъдачаҳо, шараёни кушоди артериалӣ):   Q 20 Q 21.0 Q 21.1 Q 25.0  
  – ҳамроҳ бо НХ Дараҷаи НХ 2Б, 3 I 50  
  – ҳамроҳ бо гипертензияи шушӣ Гипертензияи шушӣ дараҷаи II-IV (тасниф бо Хит-Эдвардс) I 26-I 27  
  – бо эндокардити бактериалӣ ориза шуда   I 33  
  2) иллати дил ҳамроҳ бо мушкилоти партоби хун аз меъдачаи чап (стеноз аорта, коарктатсияи аорта) ва ё аз меъдачаи рост (стенози  артерияи шушӣ):   Q 25.3 Q 25.4 Q 25.1 Q 25.6  
  – ҳамроҳ бо НХ – дар мавриди мавҷуд будани васеъшавии баъди тангшавии рагҳо (аневризми аорта ва артерияи шушӣ) Дараҷаи НХ 2А ва болотар аз он I 50  
3) иллати модарзодии дарѓотҳои атриовентрикулярӣ, ҳамроҳ бо регургитатсияи дараҷаи  3-4  ва вайроншавии мушкили низоми кори дил   Q 23  
4) Тетрадаи Фалло   Q 21.3 барќарорнашуда, баъди амалиётҳои паллиативӣ
5) Пентадаи Фалло   Q 21.8 барќарорнашуда, баъди амалиётҳои паллиативӣ
6) Аномалияи Эбштейн   Q 22.5 барќарорнашуда
7) Иллатҳои мушкили модарзодии дил (транспозитсияи шоҳрагҳо, шакли пурраи коммуникатсияи атриовентрикулярӣ, сутуни умумии артериалӣ, меъдачаи ягонаи дил, атрезияи атриовентрикулярӣ ва дарѓотҳои досшакл)   Q 20.0 Q 20.3 Q 20.8 – Q 20.9 Q 22.0 Q 22.8 Q 23.9 Q 25.0 Q 25.2 Q 25.5 Q 25.8 – Q 25.9  
8) синдроми Эйзенменгер   Q 21.8  
и) синдроми Лютембаш   Q 21.1  
62 Гурдаи ягона (модарзодӣ ва ё баъди нефрэктомия), дар мавриди азотемия,  гипертензияи артериявӣ, сил, пиелонефрит, гидронефроз   Q 60  
63 Экстрофияи шошадон   Q 64.1  
64 Артрогрипози барзиёди модарзодӣ   Q 74.3  
65 Дисплазияи дистрофикии устухонҳо ва сутунмуҳра   Q 77.5  
66 Устухоншикани модарзодӣ (Остеогенези нокомил)   Q 78.0  
67 Набудани модарзодии дасту пой   Q 73.0  
68 Краниосиностоз   Q 75.0  
САДАМА, ЗАҲРОЛУДШАВӢ ВА БАЪЗЕ АЗ ДИГАР САБАБҲОИ ТАЪСИРОТИ  БЕРУНА
69 Садамаи бачадон, дар ҳолате ки имплататсияи ҷанин ва бардошти ҳомиладорӣ номумкин аст   S 37.6 Масъала дар бораи истифодаи усулҳои ТЁР баъди барќарорсозӣ бо машварати табибон ҳал карда мешавад