Баёнияи матбуотӣ

 

ЧДММ «Маркази тиббии НАСЛ» 15 октябри соли 2010 хамчун муассисаи махсусгардонидашудаи кумаки тибби дар сохаи ташкил ва расонидани  хизматрасонихои технологияи ёрирасони репродуктиви ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар зинаи аввали ба фаъолият шуруъ намудан, бо харидори ва мавриди истифода ќарор додани тачхизотхои муосири тибби аввалан амалиётхои эндовидеочаррохи (лапороскопи ва гистероскопи), озмоишгохи клиникию биокимиёви, иммуноферменти ва реаксияи занчиравии полимерази ва баъдан амалиётхои эмбриологи, мохи марти соли 2012 аввалин барномахои ЭКО ва ЭКО-ИКСИ, яъне берун аз рахми модар дар шароити лаборатори бордоркуни ва ба даст овардани чанини инсон ба рох монда шуд. Хамин тариќ  хар соле дар кишварамон даххо  оилахо бо истифода аз ин технология  сохиби фарзанд мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани хизматрасонихои технологияи ёрирасони репродуктиви  соли 2017 сохтмони  бинои  навӣ «Маркази тиббии НАСЛ» дар кўчаи Нусратулло Махсуми  (маҳалаи 102) ш. Душанбе оғоз гардида соли 2020 ба анҷом расонида шуд.

Бинои нави марказ дар ошёнаи аввал ва дуюми бинои истиқоматӣ  ва инчунин дар  таҳхонаи он  ҷойгир буда, арзиши умумии корҳои сохтмонӣ дар ин бино зиёда аз 3 миллион сомонро ташкил медиҳад.

Имрӯз бо  ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт ба таври расмӣ ба фаъолияти ҶДММ “Маркази тиббии Насл” дар бинои нав  ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар ин чорабини  муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода А. ва Салмизода Н. иштирок намуда, ба имкониятҳои маркази тиббӣ ошнои пайдо намуданд.

Муассиси Маркази тиббии НАСЛ Ќурбонов Шамсиддин Мирзоевич, дар мавриди суханрони ќайд намудаанд, ки то ба имруз барои мухаё гардидани шароити муносиби кори дар ин маркази тибби дар тамоми самтхою бахшхои фаъолияти он кушишхои пайгирона анчом дода шудааст. Пеш аз хама бо дастгирии хукумати кишвар, ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рохбарияти Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли мутахассисони ватани тарбият карда шуда, тачхизотхои муосиртарини тибби харидиори ва мавриди истифода ќарор дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки  дар марказ 44- нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда баҳри такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони тиб дар хориҷи кишвар нақшаҳои зиёде анҷом шудаанд.    Акнун бо сохмтони бинои нав, имконияти бештар барои дар сатх ва сифати зарури ташкил ва расонидани кўмакрасонихои тибби ба ниёзмандони ватанию хоричи мухаё карда шудааст. Бо итмонони комил гуфта метавонем, ки муассисаи мазкури тибби яке аз бехтарин муассисахои тандурустии кишвар барои мардуми азизамон хизматрасонихои зарурии тиббиро ба рох мемонад.

Бо ба истифода қарор додани бинои наву замонави заминаи хуби фаъолият, чавобгуи тамоми талаботхои байналмиллалии сифат ва бехатари мутахассисони марказ фаъолияти хешро дар шароити муносиб идома медиханд.

Дар давоми солхои фаъолияти ин маркази тиббӣ базаи моддию техникии он бо харидори намудани тачхизотхои замонави бо арзиши бештар аз 10 миллион сомонӣ  ба монанди маҷмаи пурраи зарабинҳо барои кор бо тухмҳуҷайра ва ҷанин, инкубаторҳои планшети барои таъмини кишт ва рушди ҷанини инсон, хетчинги лазери, дастгоххои нави озмоишгохи, лифтинги лазери, муоинаи ултрасадои ва колпоскопи, асбоби буриш ва коагулятсияи лапиши мавчи ва лазери, таҷҳизотҳо барои яхкунонии тухмҳуҷайраҳо ва ҷанин, хамчун дастовардхои илму технология ва амалияи муосири тибби, ки имрўзхо дар дигар мамолик мавриди истифода ќарор доранд, имкониятхои марказро боз хам мучахазтар ва пурқувват гардонидааст.

Хусусиятхои муосири ин марказ дар он аст, ки дар он тамоми хучрахо барои ќабул ва машварату муоинаи  ниёзмандон, системаи замонавии амалиётхои чаррохии маъмули ва эндовидеоӣ, назорат ва табобати интенсивӣ, бахшхои кўмакрасони озмоишгохи, хизматрасонихои физиотерапевти  ва махсусан бахши амалиётхои озмоишгохии эмбриологи, кишт ва нигохубини хучайрахо ва чанинхо, чавобгуи тамоми меъёрхои тибби муосир, мухаё карда шудааст.

Махз дар хамин замина сифат ва бехатарии хизматрасонихои тибби боз хам дар сатхи зарури ба ниёзмандони натанхо ватани, балки хамсоякишвархо таъмин карда шуда, натичаи татбиќи барномахои боз хам баландтар мегарданд.

Самаранокии татбиќи барномахои ЭКО дар соли сипаригардида, ки бештар аз 48%-ро ташкил додаст,  аз он далолат мекунад, ки мутахассисони марказ малакаи зарурии касби дар ин самт доранд ва дастрасии онхо ба тачхизотхои замонави ва инчунин шароити муносиби кори имконият медихад, ки ниёзмандон ќаноатманд бошанд.

 

Маъмурияти ҶДММ “Маркази тиббии НАСЛ”