Инкубатор MIRI –ин технологияи муосир дар айни замон яке аз таҷҳизотҳои беҳамто барои бахшҳои эмбриологии Марказҳои тиббии ЭКО ба ҳисоб рафта, барои кишти ҷанин хеле муносиб ва қуллай аст ва аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
- 6 камера бо таҷҳизотҳои назорати ҳарорат дар алоҳидагӣ барои ҳар як камера;
- HEPA / VOC – филтратсияи ҳаво;
- УФ – стерилизатсия;
- MEA – tested.
Инкубатор пайвастшавии пешакиро бо омехтаи газҳои CO2 + N2 талаб намекунад. Таносуби зарурии СO2 + N2 ба таври автоматикӣ дар ин таҷҳизот таъмин карда мешавад (танҳо зарур аст, ки таҷҳизот ба балонҳои CO2 + N2 пайваст карда шавад).
Бартариятҳои асосии техникии инкубатор:
- Консентратсия оксиген 4,9 – 20%;
- Консентратсия диоксиди углерод 1,9-10%;
- Ҳарорат аз дараҷаи ҳарорати ҳавои муҳити зист то +40°C;
- Барқароршавии таносуби газҳо ҳамагӣ 3 дақиқа.
Ба таври максималӣ омилҳои стрессро барои ҷанин барканор мекунад:
– Таъғирёбии ҳарорат дар дохили камера;
– Таъғирёбии таносуби газҳо;
– Нишондиҳандаи номуносиби ишқории муҳит рН;
– То ҳади имкон нобудсозии пайвандакҳои парвозкунандаи органикӣ
Технологияи “VIP treatment” имкон медиҳад, ки суръати рушди ҷанин ба таври максималӣ таъмин карда шавад.
Инкубатори МИРИ иборат аз 6 камераи мустақил бо регуляторҳои нозуки санҷиши ҳарорат, таъмини таносуби зарурии газҳо ва системаи махсусан нозуки филтрҳо барои тоза нигоҳ доштани муҳити дохили камераҳо муҷаҳаз буда, дар онҳо ҷанин бо шароити то ҳади имкон кам будани стресс барои рушди он таъмин карда шудааст.