Мукарамшоева Меҳрангез Шоинбековна

директори тиббии Маркази тиббии НАСЛ

Соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиббии ш.Ивановои Федератсияи Руссияро ҳамчун духутри табобатӣ хатм намудааст.
Солҳои 2010-2011 ординатураи клиникиро бо ихтисоси акушер-гинеколог  дар Беморхонаи №8 ш. Ивановои Федератсияи Россия хатм карда, аз соли 2012 инҷониб зери роҳбарии профессор Шамсиддин Қурбонов дар мавзуъи «Натиҷаҳои перинаталӣ миёни занон бо миомаи бачадон, ки аз барномаҳои бордоркунии экстрокорпоралӣ истифода бурдаанд»  ба хотири ҳимоя аз рисолаи номзади илми тиб пажӯҳишҳои илмӣ анҷом дода истодааст.

Дар кунгураҳои илмию амалӣ дар Қазокистон (шаҳрҳои Алмаато ва Остона), Ҷумҳурии Исломии  Ирон (ш. Теҳрон) ва Кипр (ш.Кирения) бахшида ба мавзуҳои истифодаи технологияи репродуктологӣ иштирок ва баромадҳо намудааст.

Якчанд мақолаи илмӣ дар мавзуи сабабҳо ва омилҳои безурётӣ ва истифода аз технологияи кӯмакрасони репродуктологӣ    ба дасти нашр супоридааст.

Дар Марказҳои тиббии Исроил ва Персонаи шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бемористони занонаи Сареми шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Ирон такмили ихтисос намудааст.

Аз малакаҳои ихтисосии гузаронидани амалиётҳои технологияи кумакрасони репродуктологӣ, эндовидеоҷарроҳӣ ва лаззерӣ ба хубӣ огаҳи дошта, онҳоро дар сатҳи хеле хуб иҷро менамояд.