Хӯш омадед ба сомонаи Маркази тиббии НАСЛ

Салом ва эҳтиром ба ҳамаи дӯстоне ки, лаҳзае ҳам бошад ба сомонаи интернетии ҶДММ «Маркази тиббии НАСЛ» чашмандози кардаанду сатрҳои навиштаи маро айни замон мехонанд.
Мақсад аз кушодани сомонаи интернетии ҶДММ «Маркази тиббии НАСЛ» ба хотири ошнои пайдо кардани шумораи бештари мардум бо мақсаду маром, корҳои анҷомдодаву дар пешистода, дастовардҳову пешрафтҳо, ҷиду ҷаҳдҳои ҳамарӯза, мушкилоту монеаҳо, маълумот дар бораи технологияи кӯмакрасони репродуктологӣ, ҳамкориҳои мо бо ҳамкасбони дохилу хориҷи кишвар сари масъалаи ихтисосӣ, имкониятҳо, шаклу навъҳои хизматрасониҳои тиббӣ дар ин маркази тиббӣ, қаноъатмандии ниёзмандон аз кўмакрасониҳои тиббӣ буда, то ин ки худи мардум битавонанд маълумотҳои зарурии хешро аз шахсиятҳои аввали ин марказ, яъне мутахассисони соҳибкасб ба даст биёоранд, мебошад.
Ҳануз 15-уми октябри соли 2010 бо ҳидоят ва дастгирии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии кишвар Ҷаъмияти масъулияташ маҳдуди Марказит тиббии НАСЛ ба фаъолияти оғоз намуд ва инак расо 8 сол аст, ки мутахассисони ботаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун як тими мукамал муҷаҳаз бо муосиртарин технологияи тиббӣ сари масъалаи наслофарӣ (нобоварӣ) дар хидмати ниёзмандони кишварамон қарор доранд.
Таи ин солҳо мо мутолиа кардему таҷриба андухтем, пасту баландиҳои ҳалли мушкилиҳои масъалаи наслофариро дар амалияи касбии хеш таҷриба намудем, аз дастовардҳои хеш хурсанди кардему аз ноомадиҳои худ ашк рехтем, барои садҳо оилаҳои ниёзманд ба фарзанд шодиву нишот ва хушбахтӣ овардему, маънии зиндагии онҳоро ранги зебоӣ бахшидем.
Имруз бо амри тақдир бошад ва ё тасодуф намедонам, аммо вақте, ки ин сатрҳоро менавиштам, модари аввалин набераи мо ба хабаргирии ман омада буду хабар дод, ки Ҳасан ва Ҳусейни мо ки 13-уми феврали соли 2013 бо шарофати истифода аз технологияи наслофарии Маркази тиббии НАСЛ таваллуд шуда будаанд, аллакай 5 сола буда соқу саломатанду якеш зиёд ботамкину оромтабиат ва дигари шуху гапдонок шудаанд. Модари азиз аз онҳо хеле зиёд ифтихор мекунад. Дар дилам худро хушбахтарин инсон эҳсос кардам, чунки маънии зиндагӣ ба андешаи ман танҳо барои қаноъати нафси хеш ва азизони худ зиндаги кардан нест, балки инсон он гаҳ комил мешавад, ки аз вуҷуду амали он дигарон низ нафъи ҳарчи бештаре дарёбанд. Ин аст маънии зиндагӣ. Дар фалсафаи ҳастии хеш, ҳамеша худамро хидматгори мардуми хеш донистаам ва медонам.
Таи ин солҳо аз бурду бохти хеш даҳҳо мақолаҳо ба дасти чоп супоридему дар миқдори зиёди анҷуманҳои илмию амалии сатҳи ватанӣ ва байналмиллалӣ сари масъалаи наслофарӣ (репродуктология) иштироку суханронӣ намудем.
Масъалаи пажӯҳиш ва таҳлили ҳолат ва вазъи нобоварӣ (нозоӣ, бефарзандӣ) дар кишвар, созмон додани хадамоти тиббӣ сари масъалаи муоинаву ташхис ва табобати ноборварӣ (на инфиродӣ, балки оилавӣ) дар кишвари мо ниёз ба рушду тақвият дорад ва бо имони комил гуфта метавонам, ки заминаи бунёдии онро олимони кишвар то андозае солиёни пешин бо ҳарфе бо сухане гуфта бошанд ҳам, бо нигоҳи илм ва технология муосир, бо диди нав маҳз мутахассисони Маркази тиббии НАСЛ замина гузоштаанду мегузоранд. Умеди зиёд дорам, ки дар ояндаи наздик маҳз маркази тибби мо макони илму амалияи пешқадам дар ин самт дар кишвар садо баланд хоҳад кард ва ифтихори ҳамагон хоҳад шуд.
Мақсаду нияти мо, танҳо ва танҳо дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон хидмат намудан ба мардуми ниёзманди кишварамон буду ҳаст.
Шиори кории ҳайати кормандони ҶДММ «Маркази тиббии НАСЛ» ин аст: «То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст». Пас аз таваллуд нашудани фарзанд дар оилаатон ноумед нашавед, муроҷиат кунед ва аз хизматрасониҳои тиббии баландсифати мо истифода кунед то дар хонадони Шумо садои хандаи тифлон буланд шаванд. Мо аз миёни Шумо ва барои Шумоем.