СОЮЗ – АПOЛЛОН ДАР ХИДМАТИ МАРДОН

ДАСТГОҲИ ТЕРАПИЯИ ВАКУУМӢ МАГНИТӢ БАРОИ МАРДОН

 Дар дунёи муосир бо мавҷудияти садҳо мушкилоти зиндагӣ, ки бар души мардон бор аст, сар задани проблема дар қувват ва лаззати шаҳвонии мард, бармаҳал ва ё аз ҳад тез анҷом ёфтани тарангии олоти мардона дар мавриди алоқаи ҷинсӣ, ё умуман то дараҷаи зарурӣ таранг нагардидани олоти ҷинсии мардона ин танҳо номгӯи як қатор мушкилоте ҳаст, ки зиндаги бе ин ҳам беранги моро берангтар месозад ва сабаби ҳукмрон шудани фазои носолим дар оила ва ҳатто пош хурдани оилаҳо мегардад.

Дар мавриди сар задани чунин ҳолатҳо  маҳз таҷҳизоти тиббии Союз-Аполлон барои рафъи ин мушкилиҳо дар хидмати мардон аст.   

Ин таҷҳизот барои бе истифодаи ягон навъ дору табобат кардани вайроншавии қувват ва фаъолияти ҷинсиро, ки  бо сар задани вайроншавии гардиши хун дар рагҳо ва  системаи асаб, ба он оварда мерасонад, табобат мекунад.

     Нишондод   барои истифода аз ин навъи табобат

Вайроншавии  қобилияти ҷинсии мард  бо далели оризаҳои гардиши хун ва системаи асаб:

а. Ноҷуриҳои эректилӣ  (табиаташ гуногун  ва дараҷаи вазнинии гуногун);

б.  Вайроншавии майлу рағбат  ба алоқаи ҷинсӣ (камшавии хоҳишу майл бар алоқаи ҷинсӣ);

в.  Вайроншавии  ҷудошавии оби манӣ  (бармаҳал  ва ё аз ҳад дер, ҷудо шавии оби манӣ, шояд умуман аз байн рафтани ҷудошавии оби манӣ);

г. Вайроншавии кайфи мард (оргазм);

д. Бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҷинсӣ  (аз он ҷумла бемории варами бактериалии простата).

       Дар  ҳолатҳои зерин истифода бурдан аз ин усули табобат манъ аст:

а. Омоси бадсифати узвҳои таносул;

б. Мавҷуд будани электрокардио стимулторҳои имплантшуда;

в. Бемориҳои системавии хун  (гемобластоз, вайроншавии лахташавии хун);

г. Вайроншавии  гардиши  хун дар мағзи сар (зинаи декомпенсатсия);

д. Бемории эпилепсия  ва бемориҳои руҳӣ ;

ж. Интоксикатсияи алкоголӣ;

з. Бемориҳои  илтиҳобӣ фасоднок дар нуқтаи авҷи он.