10 соли пур аз талошҳо ба хотири ниёзмандон

ҶДММ «Маркази тиббии НАСЛ» 15 октябри соли 2010 ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи кумаки тиббӣ дар соҳаи ташкил ва расонидани  хизматрасониҳои технологияи репродуктивӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар зинаи аввали ба фаъолият шуруъ намудан, бо харидорӣ ва мавриди истифода қарор додани таҷҳизотҳои муосири тиббӣ аввалан амалиётҳои эндовидеоҷарроҳӣ (лапороскопӣ ва гистероскопӣ), озмоишгоҳӣ клиникию биокимиёвӣ, иммуноферментӣ ва реаксияи занҷиравии полимеразӣ ва баъдан амалиётҳои эмбриологӣ, моҳи марти соли 2012 аввалин барномаҳои ЭКО ва ЭКО-ИКСИ, яъне берун аз раҳми модар дар шароити лабораторӣ бордоркунӣ ва ба даст овардани ҷанини инсон ба роҳ монда шуд. Ҳамин тариқ  ҳар соле дар кишварамон даҳҳо  оилаҳо бо истифода аз ин технология  соҳиби фарзанд мешаванд.

Дар давоми солҳои пасин базаи моддию техникии марказ бо харидори намудани таҷҳизотҳои замонавӣ ба монанди инкубаторӣ планшетӣ, хетчинги лазерӣ, дастгоҳҳои нави озмоишгоҳӣ, лифтинги лазерӣ, муоинаи ултрасадоӣ ва колпоскопӣ, асбоби буриш ва коагулятсияи лапиши мавҷӣ ва лазерӣ, ҳамчун дастовардҳои илму технология ва амалияи муосири тиббӣ, ки имрӯзҳо дар дигар мамолик мавриди истифода қарор доранд, имкониятҳои марказро боз ҳам муҷаҳазтар гардонида шуд.

Акнун бо сохтмони бинои наву замонавӣ заминаи хуби фаъолият, ҷавобгуи тамоми талаботҳои байналмиллалии сифат ва бехатарӣ мутахассисони марказ фаъолияти хешро дар шароити муносиб идома медианд.

Хусусиятҳои муосири ин марказ дар он аст, ки дар он тамоми ҳуҷраҳои муосир барои қабул ва машварату муоинаи  ниёзмандон, системаи замонавии бахшҳои амалиётҳои ҷарроҳии маъмулӣ ва эндовидеоҷарроҳӣ, назорат ва табобатӣ интенсивии беморон, бахшҳои кӯмакрасони озмоишгоҳӣ, хизматрасониҳои физиотерапевт  ва махсусан бахши амалиётҳои озмоишгоҳии эмбриологӣ, кишт ва нигоҳубини ҳуҷайраҳо ва ҷанинҳо, ҷавобгуи тамоми меъёрҳои тибби муосир, муаҳё карда шудааст.

Маҳз дар ҳамин замина сифат ва бехатарии хизматрасониҳои тиббӣ боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба ниёзмандони натанҳо ватанӣ, балки ҳамсоякишварҳо таъмин карда шуда, натиҷаи татбиқи барномаҳои боз ҳам баландтар мегарданд.

Самаранокии татбиқи барномаҳои ЭКО дар соли сипаригардида, ки бештар аз 47%-ро ташкил додаст,  аз он далолат мекунад, ки мутахассисони марказ малакаи зарурии касбӣ дар ин самт доранд ва дастрасии онҳо ба таҷҷҳизотҳои замонавӣ ва инчунин шароити муносиби корӣ имконият медиҳад, ки ниёзмандон қаноатманд бошанд.

Ҳамватанони мӯҳтарам, клиникаи Маркази тиббии НАСЛ            айни замон дар ш. Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум, хонаи 95/4, шаҳраки 102, дар бинои нави замонавӣ ба фаъолият шуруъ намудааст.

Санаи 18 январи соли 2020 ба ифтихори дар бинои нави замонавӣ ба фаъолият шуруъ намудани ин маркази тибб чорабинии «Рузи дарҳои кушода» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ  Олимзода Насим Хоҷа –вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолҷ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Муассиси Маркази тиббии НАСЛ Қурбонов Шамсиддин  Мирзоевич, дар мавриди суханрони қайд намудаанд, ки то ба имруз барои муҳаё гардидани шароити муносиби корӣ дар ин маркази тиббӣ дар тамоми самтҳою бахшҳои фаъолияти он кушишҳои пайгирона анҷом дода шудааст. Пеш аз ҳама бо дастгирии ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутахассисони ватани тарбият карда шуда, таҷҳизотҳои муосиртарини тиббӣ харидиорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд. Акнун бо сохмтони бинои нав, имконияти бештар барои дар сатҳ ва сифати зарурӣ ташкил ва расонидани кӯмакрасониҳои тиббӣ ба ниёзмандони ватанию хориҷӣ муҳаё карда шудааст. Бо итмонони комил гуфта метавонем, ки муассисаи мазкури тиббӣ яке аз беҳтарин муассисаҳои тандурустии кишвар барои мардуми азизамон хизматрасониҳои зарурии тиббиро ба роҳ мемонад.